Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Боз як ҳолати ошкори мусодираи маводи нашъадор

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт аз шаҳрванд Анваров Қосим Наимович, санаи таваллуд 1 декабри соли 2001, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, як миқдор маводи қаҳваранги буйи масусдошта  ёфт ва мусодира гардид.

Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ  маводи мусодирагардида воситаи нашъадори навъи ҳашишро ташкил медиҳад.

Дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз Анваров Қосим худи ҳамон руз як миқдор маводи шишамонанд дарёфт ва мусодира гардид. Ташхис нишон дод, ки он моддаи психотропии навъи “метамфетамин” мебошад.

Тибқи нишондодҳои дастгиршуда, ӯ ин маводро аз шаҳрванд Азизов Бобоҷон Абдураззоқович, соли таваллудаш 15 январи соли 1998 ғайриқонунӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан соҳиб гаштааст.

Номбурда дастгир гардида, аз ӯ  маводи шишамонад ва як миқдор маводи қаҳваранги буйи махсусдошта дарёфт гардид. Ташхиси судӣ нишон дод, ки маводи  шишамонанд моддаи психотропии навъи “метамфетамин” ва маводи қаҳваранги буйи махсусдошта ба воситаи нашъадори навъи ҳашиш мансуб мебошад.