Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ошкор ва мусодираи маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон

Амалиёти  навбатии оперативӣ-ҷустуҷӯиро кормандони фаврии Агентӣ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб баргузор намуда шаҳрванд Сайфуллои Ҳамза, санаи таваллудаш 30 октябри соли 2001, сокини шаҳри Кулобро бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаи нашъадор дастгир карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ  19 адад бастаҳои селофании дорои маводи қаҳваранги буйи махсусдошта дарёфт ва мусодира гардид. Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии ӯ, аз таҳхона як борхалта, ки дар дохили он як миқдор маводи қаҳваранги буйи махсусдошта буд, ёфта ва мусодира гардид.

Дар идомаи тафтишот маълум карда шуд, ки номбурда ин миқдори воситаи нашъадорро бо мақсади истифодаи шахсӣ ва дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб гардидааст.

Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон маводҳои дарёфтгардида воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” буда, вазни он 1 кг 116 граммро ташкил дод.