Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусодираи ҳашиш дар вилояти Хатлон

Аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз Ҳусейнов Абдулазиз Абдуғафорович, санаи таваллудаш 30 марти соли 1995, сокини деҳаи Кули Ҳаётбеки ҷамоати деҳоти Шамсиддин Шоҳини ноҳияи Муминобод бо гумони даст доштан дар муомилоти воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ тасгир карда шуда ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ 29 адад бастаҳои селофании дорои маводи қаҳваранги буйи махсусдошта ёфта, мусодира гардид. Зимни тафтишот маълум гардид ки номбурда миқдори муайяни воситаҳои нашъадорро аз шаҳрванд Зуҳурбеков Маҳмадсаид Сайфуллоевич бо мақсади дар яонда ба муомилот баровардану соҳиби мабғали муфт гардидан ғайриқонунӣ соҳиб гардидааст.

Дар марҳилаи дигари ин чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Зуҳурбеков Маҳмадсаид Сайфуллоевич. дастгир карда шуда, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як миқдор бастаҳое дрёфт карда шуд ки номбурда онҳоро бо мақсади паҳнсозӣ ва фуруши чакана омода намуда буд.

Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон маводи мусодирашуда воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро ташкил дод.