
Аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шаҳрванд Қурбонова Фархунда Шарифбеговна, санаи таваллуд 2-юми августи соли 1996, истиқоматкунандаи деҳаи Ҳаёти-нави ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуд.
Зимни кофтукови шахсӣ аз у як миқдор маводҳое дарёфт гардид ки номбурда онҳоро барои истироҳати номусоиду хатарноки яклаҳзаина ки пастзанандаи шаъну шарафи зан модар мегардад дарёфт гардид.
Мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи аз ӯ дарёфтгардида, моддаи психотропии навъи “метамфетамин” ё худ ба истилоҳи дигар “кристал”-ро ташкил медиҳад.
Зимни пурсиш Қурбонова Ф. чунин нишондод дод, ки ин маводро бо мақсади имстеъмоли шахсӣ аз Юсуфзода Юсуф Иззатулло, соли тавалудаш 5-уми майи 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе харидорӣ намудаст. Ҳангоми боздошти Юсуфзода Юсуф ӯ нишондод дод, ки ин маводро аз интернет мессенҷери Телеграм тариқи пинҳонгоҳҳо бидуни аз даст ба даст додан яъне ба истилоҳ “закладка” бо миқдори муайяни маблағ харидорӣ карда шуда буд мусодира гардида тафтишот дар ин самт идома дорад.