Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Мусодираи маводи психотропии навъи метамфетамин

Кормандони Раёсати оперативӣ-ҷустуҷӯии Агентӣ зимни амалисозии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии моддаи психотропӣ  шаҳрванд Ҳакимов Рамазон Шоҳвалиевичро дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як адад бастаи селофании дорои моддаи кристаллимонанди рангаш сафед дарёфт ва мусоидра гардид. Ташхиси судӣ нишон дод, ки он моддаи психотропии “метамфетамин” мебошад.

Муайян карда шуд, ки Ҳакимов Рамазон Шоҳвалиевич ин маводро бидуни ба мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шуда, аз тахфифгоҳ воқеъ дар ҳудуди пойтахт гирифтааст.