
Аз ҷониби кормандони оперативии Агентӣ ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди пойтахт, шаҳрванд Бобоев Ёраҳмад Идимадович, санаи таваллудаш 3 апрели соли 1974, истиқоматкундаи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон, пеш бо моддаи 201 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суда шуда, бо гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир дастгир гардид. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз борхалтаи ӯ 400 дона ҳабҳои сахттаъсири “трамадол” дарёфт ва мусодира гардид. Зимни пурсиш муайян гардид, ки номбурда ин миқдор ҳабҳоро аз шиноси худ дастрас намудааст. Ҳангоми баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии минбаъда ҳаммаслакаш Саидов Алиҷон Алиевич соли таваллудаш 6 июли соли 1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон буда, дастгир шуд.
Ҳангоми азназаргузаронии автомобили ӯ аз боғочи автомашина боз 800 дона адад ҳабҳои моддаи сахттаъсири “трамадол” дарёфт ва мусодира гардид.
Муайн карда шуд ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ ҳабҳои психотропиро бо мақсади фуруш ва ба даст овардани маблағҳои муфт ба чаканафурӯшӣ машғул мегаштаанд.
Аз ҷониби Раёсати тафтишотии Агентӣ маводҳо тартиб дода шуда тафтишот дар ин самт идома дорад.