Дар заминаи сиёсати сулҳпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад Тағой аз рафти корҳои ободонӣ ва сохтумони бинову иншоот дар ноҳияи Варзоб, ки ба истифода додани онҳо то таҷлили ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудаанд, дидан намуданд.
Иншоотҳои ҷашнӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб дар пайравии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии босифат ба аҳолӣ бунёд гардида истодааст.
Зикр кардан бо маврид аст, ки мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти мо барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд. Ин иқдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии деҳоти дурдасти мамлакат амалӣ гардидааст.
Дар рафти боздид намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ иброз намуданд, ки имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем, ҳар як шаҳрванд бояд ифтихор аз соҳибистиқлолӣ, сулҳу озодӣ ва комёбиҳои бузурге намояд, ки ба шарофати он тамоми дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои ҷомеаи Тоҷикистон ба даст омад. Инчунин, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик муҳимтарин дастоварди таърихӣ ба ҳисоб рафта, кишвари мо баъди эълони Истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр муаррифӣ гардид.
Илова бар ин таъкид карда шуд, ки ноҳияи Варзоб ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ буда, дар як муддати кутоҳ дар ҳудуди он як қатор иншооти иҷтимоию иқтисодӣ, корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохторҳои хизматрасонӣ мавриди истифодаи сокинон қарор ёфтаанд.
Инчунин, роҳбарияти ноҳия иброз доштанд, ки Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки Ватани мо шукуфон гардад. Зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ, дӯстиву якдигарфаҳмӣ ҳукмфармост, дар он рӯз аз рӯз бунёдкориву созандагӣ танинандоз гардида, аз лиҳози сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ пеш меравад. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат ва наҷоти миллат ба шумор меравад.
Дар охир ёдрас менамоем, ки сокинони ноҳияи Варзоб бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани дастуру ҳидоятҳояшон ҳамаи чораҳоро меандешанд ва баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни фархундаи миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом мерасонанд.





