Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии варзишӣ оид ба футболи хурд бахшида ба 35-солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 26-июн Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо таҳти унвони “Тоҷикистон – озод аз маводи нашъаовар” оғоз намуд.
Чорабинии мазкур чун солҳои қаблӣ, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зиди сӯиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо бо ибтикори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда, аз санаи 16 июн то санаи 26-уми июни соли 2026 ташкилу баргузор карда мешавад.
Бо ин мақсад дар Варзишгоҳи марказии пойтахт чорабинии мазкур оғоз гардида, дар кори он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, варзишгарон ва ҷавонону наврасон фаъоли Душанбешаҳр иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии намояндагони Агентӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш кушода эълон гардида, доир ба мақсади чорабинӣ суханронӣ намуданд.
Мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни ҷавонону наврасони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.


