24 июни соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовар маросими баимзорасонии Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо баргузор гардид.
Дар маросими имзои Созишномаи мазкур Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар Тағой ва аз ҷониби Федератсияи Россия Сафири фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович ва роҳбари намояндагии ВКД-и Россия дар Тоҷикистон иштирок намуданд.
Созишномаи мазкур бо роҳи татбиқи Барномаи мусоидат кардан ба Агентӣ дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар давоми солҳои 2026-2028 амалӣ карда мешавад.
Директори Агентӣ ба Сафир барои дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Федератсияи Россия ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Агентӣ бо Вазорати корҳои дохилии ин кишвар дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар изҳори сипос намуданд.
Дар навбати худ Сафир ҳамкориҳои Федератсияи Россияро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шарики стратегӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар хотимаи чорабинӣ ҷонибҳо барои боз ҳам рушду тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти назорати маводи нашъаовар изҳори омодагӣ намуданд.


