
Теғи Сино Ину оне ҳар куҷо даъвои Сино мекунад,
То ба боми шӯҳрати олам гузорад нардбон.
Лек Сино он қадар ин бомро бардоштаст,
Ину он кай метавонад нардбон монад бар он?
Аз азал доруи тоҷик решаи хор асту бас,
Лек то ҳафтод пушташ бӯи Сино мекунад.
Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино яке аз бузургтарин файласуфон, олимон, табибон ва адибони тоҷику форс буда, дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста дорад. Воқеан, нақши барҷастае, ки Ибни Сино дар таърихи фарҳанги миллат ва башарият гузоштааст, номи ӯро барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардонидааст. Ба шарофати осори абадзиндаи хеш Ибни Сино имрӯз низ ҳамзамон ва ҳамқадами ҷомеаи башарӣ мебошад. Зеро ҳикмате, ки инсонро ба роҳи рост ва худшиносии воқеӣ ҳидоят мекунад, бо гузашти замон моҳият ва арзиши бештар пайдо мекунад.
Осори боқимондаи ӯ бештар аз 250 асарро фаро мегирад, ки дар байни онҳо «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ҳикмат-ал-Машриқия», «Китоб-ул-инсоф», «Донишнома», «Мабдаъ ва маод», «Мубоҳасот», «Ишорот ва танбеҳот» аҳамияти бузурги илмӣ ва фалсафӣ доранд. Ӯ дар осораш низоми мукаммали маърифати ҷаҳоншиносиро ба вуҷуд овард, ки моҳиятан ҷамъбасти ҳамаи соҳаҳои илми он замона — фалсафа, табииёт, риёзиёт, тиб, мантиқ ва илоҳиёт мебошад.
Ҳукумати Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба нишони сипос ва қадршиносии ин фарзанди фарзона ва пуршарафи худ дар кишварамон ба номаш чандин хиёбонҳо, донишкада ва ноҳияро номгузорӣ карда, ҷоизаи бонуфузи илмиеро ба гиромидошти ӯ таъсис додааст. Муҷассамаи бузургаш яке аз зеботарин хиёбонҳои шаҳри Душанберо оро дода, таҷассуми хирад ва бузургии заковати ӯст. Вале бузургтар аз ҳама эҳтироми ӯ ва маскани ӯ дар дили халқи мост. Ба қавли олими тавонои олмонӣ Бурхард Брентес, «тоҷикон дар мисоли Ибни Сино фарҳанги баландпояи халқҳои Осиёи Марказиро таҷассум намудаанд. Онҳо имрӯз низ мероси Ибни Синоро, ки дар тӯли ҳазор сол ба хираду ақли Аврупо таъсир дошт, оқилона ҳифз мекунанд».
Иқтибос аз китоби “Чеҳраҳои мондагор”-и Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Абӯалӣ Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино моҳи октябри соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшонаи ҳозира), наздики Бухоро – пойтахти Давлати Сомониён ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии баобрӯе аз Балх буд. Модараш Ситора ё Ситорабону, ки вай низ тоҷик ва аз Афшана буд, ба дунё меояд. Дар даврони ба камол расидани Сино, Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомониён Нӯҳи II ибни Мансур (976-997) кор мекард. Аз ин рӯ, писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст. Ибни Сино ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи олӣ дошт, ки дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ оварда, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеч чизе намонда буд, то биомӯзад.
Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён, дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндонӣ умр ба сар бурда, гоҳе чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор паси сар кардааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.
Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо маълумоти аниқе дастрас нест, санаҳои зиёде аз рӯзгори Абӯалӣ ибни Сино маълум аст. Рӯзгор ва саргузашти Сино ба дасти шогирди вафодораш Абӯубайд Фақеҳии Ҷузҷонӣ имло шудааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Синоро Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди рухдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта бо номи «Рисолаи саргузашт» маълум буда, дар асли арабӣ ва тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст. Падари Абӯалӣ — Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур ба Бухоро омада, дар деҳаи Афшона (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшона бо Ситорабону ном деҳқондухтар хонадор шуд. 18-августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.
Соли 985 оилаи Ибни Сино, вақте ки ӯ ба синни панҷсолагӣ мерасад, аз Афшона ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз шахсони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз панҷсолагӣ то даҳсолагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Қуръонро омӯхта онро ҳифз намуд.
Минбаъд Ибни Сино лақаби Шайхро гирифт, зеро дар касе, ки Қуръонро аз ёд мекард, ӯро сарфи назар аз синну солаш шайх мегуфтанд. Сипас Абдуллоҳ писари худро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯхтанд. Ибни Сино аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни бурро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишмандони соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Ибни Сино аз устодаш дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, дар омӯзиши ин илм муваффақ шуд. Бар замми ин, Ибни Сино дар назди Исмоили Зоҳид ду сол ба омӯхтани тафсири Қуръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад. Ба ҳамин тариқ, ӯ то 12 солагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард. Вай ҳамеша чун беҳтарин толибилм эътироф мегашт. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироф ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура ӯ истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт. Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Ибни Сино аз пайи такмили донишу маърифат гашт.
Ибни Сино то 15-солагӣ илмҳои табииёт, илоҳиёт, фалсафа, ҳикмати илоҳӣ, нуҷум, мусиқии назарӣ, геометрия, математика ва амалиро мустақилона омӯхта, дар 16-солагӣ ба омӯхтани илми тиб машғул шуд.
Абӯалӣ илми тибро аз Абӯмансур Ҳасан Камарии Бухороӣ, ки табиби дарбори Нӯҳ ибни Мансур буд, омӯхт. Аслан омӯзиши илми тибро ӯ дар 12-солагӣ шурӯъ карда буд, вале ба маслиҳати Абӯсаҳли Масеҳӣ аз идомаи таҳсил худдорӣ намуда, чанде таваққуф намуд. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ дар 16-солагӣ чун як табиби ҳозиқ дар тамоми Бухоро шинохта шуд. Ҳамчунин, ба такмили дониши худ дар соҳаи илми фиқҳ, мантиқ, фалсафа, табиатшиносӣ, риёзиёт ва илми илоҳӣ баргашта, дар муддати якуним сол донишу малакаи худро дар ин самт мукаммал намуд. Абӯалӣ шахси ниҳоят пуркор, ҷиддӣ ва меҳнатдӯст буд. Нафақат ақли расо ва қобилияти баландаш боиси пешрафти илмӣ ва маънавии ӯ мешуд, балки кӯшиши амиқ, сабру тоқат ва ҷаҳду талошҳояш низ воситае буд, ки пирӯзӣ ва комёбиҳои маънавии ӯро таъмин мекард. Доир ба таҳсили илм мегӯяд:
«Ягон шаб пурра нахуфтаам ва рӯзона ба ҷуз омӯхтани илм ба коре машғул нашудаам.»
Абӯалӣ то 18-солагӣ тамоми донишҳои расмӣ ва ғайри расмии замони худро фаро гирифта, пешсафи бузургтарин олимони маъруфи давр эътироф гардид. Шайхурраис худ эътироф мекунад:
«Чун ба 17-солагӣ расидам, аз омӯхтани ҳамаи ин илмҳо фориғ шудам. Он рӯз дар илм беҳтарин ҳифзкунанда будам, имрӯз пухтатар шудам, вагарна илм як хел буда, аз он чизе дар ман дигаргун нашудааст.»
Абӯалӣ ибни Сино ҳақ дошт, ки он вақт бигӯяд:
Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.»
Вақте султони Бухоро Нӯҳ ибни Мансури сулолаи Сомониён сахт бемор шуд, Абуалӣ ибни Синоро барои муолиҷа даъват карданд. Пас аз шифо ёфтани Султон ба Ибни Сино подош дода шуд ва ба китобхонаи шоҳона дастрасӣ пайдо кард. Китобхона ганҷинаи Абуалӣ ибни Сино буд, ки дастнависҳо ва китобҳои нодирро мутолиа намуда, дониши худро боз ҳам бештар кард. Пас аз марги Султон ва шикасти сулолаи Сомониён аз дасти пешвои турк Маҳмуди Ғазнавӣ Абуалӣ ибни Сино ба Ҷурҷон дар наздикии баҳри Капс кӯчид. Ӯ дар он ҷо қисми аввали барҷастатарин асари тиббии худ «Ал Қонун фи ал Тибб»-ро, ки дар Ғарб бо номи «Канон» маъруф аст, навишт. Баъдан ба Ал-Рай (наздикии Теҳрони ҳозира) кӯчид. Дар он ҷо ҳудуди 30 китоб навиштааст. Сипас ба Ҳамадони Эрон рафт ва соли 1037 мелодӣ дар синни 57 даргузашт ва дар шаҳри Ҳамадон ба хок супурда шуд.
Мероси илмӣ ва адабӣ
Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 ҷилд, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:
Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ.
Асарҳо оид ба тиб.
Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст.
Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфӣ ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомӯзи шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимоӣ ва шахсияти шоирро рӯнамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки роҷеъ ба масоили иҷтимоӣ ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:
Дар Тоҷикистон барои гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино бо қарори КМ ҲКТ (Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон) ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Ибни Сино — ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ дар соҳаи илму техника (1 марти соли 1967), номгузории Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино, майдону хиёбонҳо, маҳалаву ҷамоатҳо ва пайкараву нимпайкараҳо гузошта шудаанд.
Соли 1999 пули миллии Тоҷикистон, 20 сомонӣ бо расми Ибни Сино ба муомилот бароварда шуд.
4 июли соли 2006 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон қуллаи Ленин ба номи Абӯалӣ Ибни Сино гузошта шуд.
Карл Линней ба шарафи Ибни Сино номи растаниеро Авитсенна гузошт.
Пайкараи Ибни Cино дар майдони ба номи Абӯалӣ ибни Сино шаҳри Душанбе.
Пайкараи Ибни Сино дар шаҳри Анкараи Туркия ва шаҳри Душанбе.
Пайкараҳои Абуалӣ Ибни Сино, Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ дар бинои Иттфоқи нависандагони Тоҷикистон.
Ҳамасола 18-уми август дар ҷумҳурӣ зодрӯзи Ибни Сино ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб ҷашн гирифта мешавад.
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб, Душанбе 23 майи соли 2026.
Бо ҳамин сабаб, ки инсонияти мутамаддин ҷашни 1000-солагии ин ҳакими барҷаста ва олими энсиклопедистро дар асри гузашта ду маротиба таҷлил кард, дафъаи аввал соли 1952 тибқи солшумории ҳиҷрӣ ва бо қарори Шурои Умумиҷаҳонии Сулҳ. Раиси Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ, олими маъруф Фредерик Жолио-Кюри доир ба хизмати беназири Ибни Сино чунин гуфтааст: “Фаъолияти Ибни Сино, ки бар пояи ҳақиқат ва хирад асос ёфтааст, саҳми бузурге ба тамаддуни ҷаҳонӣ буда, ба хотири ҳамдигарфаҳмии халқҳо хизмат карда, ба инсоният барои сохтмони ояндаи нек кумак мерасонад”.
Бори дувум ҷашни ҳазорсолаи Ибни Сино соли 1980 тибқи қарори ЮНЕСКО таҷлил гардида, саҳми бузурги ӯ дар рушди тиб, фалсафа, мантиқ, табиатшиносӣ, ҷомеашиносӣ ва дигар илмҳо комилан эътироф карда шуд. Чунин арҷгузории олӣ ва хизматҳои илмӣ ва фарҳангии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯлӣ ибни Сино аз он ҷиҳат аст, ки ӯ дар тӯли умри кӯтоҳ ва пурҳаводиси худ бо вуҷуди саргардониҳои зиёд тавонистааст ба
инсоният осори гаронбаҳое ба ёдгор гузорад.