Санаи 24 июни соли 2026, аз ҷониби Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоббуда дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, бахшида ба таҷлили 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар бинои Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб” ба номи Раҳмонзода Р.А. мизи мудаввар дар мавзӯи “Вазъи нашъамандӣ, суистеъмоли маводи доругии нашъадор, психотропӣ, сахттаъсир, заҳрнок, чорабиниҳо дар самти мубориза, пешгирӣ, бақайдгирӣ, табобат ва барқарорсозии беморони нашъаманд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввари мазкур директори муассисаи давлатии “Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ” намояндагони масъули Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати АНМН-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ дар минтақаи Кӯлоббуда, роҳбарият ва намояндагони масъули як қатор сохторҳои мақомоти тандурустии минтақа ва шаҳри Кӯлоб, аз қабили Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Беморхонаи бисёрсоҳавӣ, марказҳои сил, ВНМО, БПНМ, саратоншиносӣ, рӯҳию равонӣ, дил, ташхиси тиббию судӣ, ёрии таъҷилӣ, инчунин мудирони филиалҳо ва кормандони дорухонаҳои хусусию давлатӣ, кормандони масъули Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ШВКД дар шаҳри Кӯлоб, шуъбаҳои маориф, кор бо занон ва оила, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, телевизион, ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб, инчунин роҳбарияти ва донишҷӯёни Коллеҷи зикршуда иштирок намуданд.
Аз ҷониби кормандони Агентӣ оид ба таърих, аҳамияти ва моҳияти таҷлили 26 июн – Рӯзи байналмилалии мубориза бо нашъамандӣ ва муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақаи Кӯлоб дар соли 2025 ва 5 моҳи соли 2026, таҳдиди хатарҳои он ба амнияти ҷомеа, оқибатҳои номатлуби суистеъмоли маводи нашъаовар ба саломатии инсон, бахусус навъҳои психотропӣ ва синтетикии он, пешгирии ҳолатҳои аз муомилоти қонунӣ ба муомилоти ғайриқонунӣ нагузаштани онҳо, ташкил ва гузаронидани маҷмуи чорабиниҳои судманд дар самти пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим маълумоти муфассал дода шуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин самтҳо бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, саҳми хешро гузоранд.
Ҳамчунин, дар рафти ин чорабинӣ аз ҷониби дигар намояндагони мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои номатлуби он, алоқамандии нашъамандӣ бо дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрами ҷомеа суханронӣ карда шуд.






