Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Ба муносибати Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Агентӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид

Ба муносибати таҷлили 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини якуми Директори Агентӣ бо сухани ифтитоҳӣ аҳли нишастро ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлат сулҳу субот, оромӣ ва пешрафти устувор дар кишвар таъмин гардидааст.

Зикр карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили асосии таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи зиндагии мардум барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши бузурги таърихӣ ва сиёсӣ дорад.

Ҳамчунин, кормандони ҷавон низ дар баромадҳои худ иброз намуданд, ки ҳар як корманди Агентӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Дар фарҷоми ҷаласа баромадкунандагон бори дигар аз дастовардҳои замони истиқлолият ва аҳамияти ҳифзи сулҳу ваҳдат ёдовар шуда, омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар рушду ободии Ватани азизамон изҳор намуданд. Ҷаласа дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди ватандӯстӣ анҷом ёфт.