Ҳамасола 26-уми июн, ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он”, дар саросари ҷаҳон қайд карда мешавад.
Дар ин робита, бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 2-юм то 25-уми июни соли 2026 дар вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва варзишӣ зери унвони “Тоҷикистон – озод аз маводи нашъаовар”, таҳти шиори “Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар” доир гашт.
26 июн, ҷамъбасти чорабинии мазкур дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ”-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, варзишгарон, ҳамчунин меҳмонон ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.
Баъд аз садо додани суруди миллӣ аз ҷониби Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироккунандагон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар чорабиниро оғоз карда, оид ба зарари маводи нашъаовар ва оқибатҳои фоҷеабори нашъамандию нашъаҷаллобӣ ва ташфиқу тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим, тавассути ҳарчи зиёдтар машғул шудан ба варзиш, ба таҳсил ҷалб намудани фарзандон, баланд бардоштани ҳасси ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ суханронӣ намуданд.
Сипас, муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Шаҳбоз баромад карда, қайд намуд, ки бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентӣ ва дигар мақомоти дахлдор фаъолияти оштинопазири худро бар зидди қочоқ, интиқол ва паҳншавии маводи нашъаовар, бахусус суиистеъмоли онҳо ба роҳ монда, пайваста дар ин самт тадбарҳои судмандро роҳандозӣ менамоянд.
Дар доираи чорабиниҳои муштараки пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ миёни наврасону ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии онҳо ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи онҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ба мушкилоти нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба оқибатҳои фоҷеабори суиистеъмоли маводи нашъаовар, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим буд. Дар доираи ин чорабиниҳо байни варзишгарони муассисаҳои варзишии шаҳри Душанбе мусобиқа аз рӯи намуди футболи хурд баргузор гардид.
Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Радио Викторина” баргузор гардида буд, ки беҳтаринҳо ва ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ дар қисмати ҷамъбастии чорабинӣ дар фазои тантанавии имрӯза бо ҷоизаҳо, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагон қадрдонӣ карда шуданд.
Агентӣ дар доираи чорабиниҳои пешгирикунанда, ният дорад дар оянда низ, баҳри иҷрои чунин корҳои хайру муҳим сафарбар гардида, дар бунёди ҷомеаи солиму озод аз хатари нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Дар хотимаи чорабинӣ барномаҳои консертӣ намоиш дода шуданд, ки ба иштирокчиён рӯҳу илҳоми тоза бахшид.













