Санаи 30 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили 26 – июн “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он” чорабинии фарҳангӣ-варзишӣ таҳти унвони «Тоҷикистон – озод аз маводи нашъаовар» ва шиори «Ҷавонон бар зидди маводи нашъаовар» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи маориф, ҷавонон ва варзиш, кормандони муассисаҳои тандурустӣ, инчунин ҷавонону наврасон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.
Зимни баргузории чорабинӣ таъкид гардид, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва пешгирии суиистеъмоли онҳо яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги солими ҷавонон воситаи муассири ҳифзи ҷомеа аз ин падидаи номатлуб мебошад.
Дар доираи чорабинӣ мусобиқаҳои варзишӣ, барномаҳои фарҳангиву маърифатӣ ва корҳои тарғиботӣ баргузор гардида, ба иштирокчиён вобаста ба оқибатҳои манфии нашъамандӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва аҳаммияти иштироки фаъоли ҷавонон дар пешгирии ин зуҳуроти хатарнок маълумоти муфид пешниҳод карда шуд.
Зикр гардид, ки чунин иқдомҳо дар доираи чорабиниҳои муштараки пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъадор ва муомилоти ғайриқонунии он” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ мешаванд, ба таҳкими ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва зиндагии солим мусоидат менамоянд.
Дар доираи ин чорабиниҳо байни варзишгарони муассисаҳои варзишии вилояти Хатлон мусобиқа аз рӯи намуди Футболи хурд баргузор гардид. Дар анҷоми чорабинӣ ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ ба амал оварда шуда, барномаи рангини фарҳангӣ манзури ҳозирин гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҳамкориро бо вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тақвият дода, баҳри пешгирии нашъамандӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва бунёди ҷомеаи солиму озод аз маводи нашъаовар тадбирҳои мушаххасро идома хоҳад дод.








