Дар вилояти Калинингради Федератсияи Россия натиҷаҳои амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии “Канал-Янтарный берег” ҷамъбаст карда шуд. Дар Амалиёт, ки аз 29 июн то 3 июли соли 2026 сурат гирифт, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти сарҳадӣ ва гумрукӣ, хадамоти амнияти давлатӣ, воҳидҳои иктишофии молиявии давлатҳои аъзои СААД, инчунин нозирон Аз давлатҳои Эрон, Малайзия, Чин, намояндагони гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ, (ММҲИОМ), Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои Сарҳадии давлатҳои иштирокчии ИДМ иштирок доштанд. Дар кори Ситоди байналмилалӣ ҳамоҳангсозии идоракунии амалиёт, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад Тағой иштирок доштанд. Ситоди байналмилалии ҳамоҳангсозии идоракунии амалиёт, дар вилояти Калининград ҷойгир карда шуда таҳлили амиқи вазъи маводи мухаддирро дар давлатҳои узви СААД гузаронида, ҳамоҳангсозии амалҳоро байни Ситодҳои миллӣ ва мубодилаи фаврии маълумоти муҳимро таъмин кард. Дар амалиёт зиёда аз 39 ҳазор корманди мақомоти салоҳиятдор иштирок доштанд. Ҷамъбасти амалиёти “Канал-Янтарный берег” таҳти роҳбарии Сардори Сарраёсати назорати маводи нашъаовари Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, генерал-майори милитсия Иван Горбунов сурат гирифт. Иштирокчиёни ҷаласа доир ба таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти давлатҳои аъзо дар самти таъмини амнияти минтақавӣ, мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои вобаста ба технологияҳои иттилоотӣ табодули назар намуданд.
Тибқи оморҳои пешакӣ зимни баргузории амалиёт дар ҳудуди давлатҳои СААД, 521 ҷиноятҳои вобаста ба воситаҳои нашъадор ошкор карда шуда аз муомилоти ғайриқонунӣ 3,5 тонна воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, аз ҷумла 1938 кг афюн, 519 кг бангдона, 182 кг героин, 74,4 кг мефедрон, зиёда аз 1 тонна прекурсорҳо, 115 ҳазор буттаҳои растаниҳои дорои маводи мухаддир ва 14 ҳазор таблеткаҳои моддаҳои манъшуда мусодира гардида, инчунин фаъолияти 7 лабораторияи истеҳсоли маводи мухаддир ошкор ва қтъ карда шуд. Дар анҷоми амалиёт дар размоишгоҳи омӯзишии Росгвардия намоиши силоҳҳои навтарин ва намоиши саҳнаҳо аз машқҳои тактикии кормандони таъиноти махсуси СААД баргузор гардид.

