Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси Шуро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар, аъзоёни Шуро намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин аъзои котиботи Шуро, даъватшудаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ карор дода шуданд.
Ҷаласаро раиси Шуро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини иҷрои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва “Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030”, суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи Директори Агентии назорати маводи нашъаовар, муовинони раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир ба рафти амалишавӣ ва таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 шунида шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд, ки ҳисоботҳоро доир ба иҷрои амалисозии Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2026-2030 ба Агентии назорати маводи нашъаовар дар муҳлатҳои муқарраргардида пешниҳод намоянд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати муомилоти қонунии онҳо ва дар пешгирии нашъамандӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Дар хотимаи ҷаласа, доир ба масъалаҳои муҳокимагардида ва фаъолияти минбаъдаи Шуро қарорҳои дахлдор кабул карда шуданд.




