10 июли соли 2026 таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори хизмати назораи маводи нашъаовар Зафар Самад ва бо иштироки сардори раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Алишер ҷаласаи васеи оперативӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифагузорӣ барои нимсолаи дуюми соли 2026 инчунин баҳри ба даст овардани натиҷаҳои баланди корӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро Директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти Агентӣ дар давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ, вазъи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ баромад намуд.
Зимнан дар рафти ҷаласа ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои оперативии Агентӣ вобаста ба натиҷаи фаъолият дар нимсолаи якуми соли 2026 шунида шуд.
Дар раванди натиҷагирӣ ва таҳлили фаъолияти соҳа, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсату шуъбаҳои Агентиро доир ба самтҳои ошкори ҷиноят, мусодираи ҳаҷми калони маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, нигоҳдорандагони фасодхонаҳо, шахсони ба фурӯши воситаҳои нашъадори синтетикӣ дастдошта, муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, инчунин мубориза бо ҷиноятҳои экстремистию террористӣ, коррупсия, савдои одамон, силоҳ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар ҷиноятҳо тақвият дода, фаъолиятро дар самтҳои зикргардида пурзур намоянд.

