Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

Санаи 13-уми июли соли 2026 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 баргузор гардид.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ, генерал-майори хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оғоз намуда ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар нимсолаи  якуми соли 2026 маълумот манзур намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ  93 (2025 – 86 ) ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ва дигар намуди ҷиноятҳо ошкору муайян кардашудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 7 ҷиноят ё 8 фоиз зиёд мебошад.

Агентӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 223 кг 83 гр (2025-384 кг 440 гр) маводи нашъаовар мусодира намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 – 161 кг ё 42 фоиз кам мебошад.

Дар натиҷаи ҳолатҳои ошкоргардида, муфаттишони Агентӣ 56 (2025 – 71)  парвандаи ҷиноятиро нисбати 74 нафар (2025 – 103) ба судҳо ирсол намудаанд. Дар ин робита, бо парвандаҳои ҷиноятии тафтишшуда, ҳамагӣ ба молу мулки айбдоршавандагон 50000 сомонӣ (2025- 130 000 сомонӣ) ҳабс гузошта шудааст.

Фаъолияти 16 гурӯҳи ҷиноятӣ (2025 – 24) дар ҳайати 28 нафар (2025 – 53), ошкор ва қатъ карда шудааст.

Дар нимсолаи якуми соли 2026, аз ҷониби кормандони Агентӣ 197 (2025 – 175) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ошкор ва дар ин робита 228 нафар (2025 – 187) ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки аз онҳо 433 ҳазору 130 сомонӣ (соли 2025 – 230 ҳазору 20 сомонӣ) ҷарима ситонида шудааст.

Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ 440 (2025 – 423) ташхис гузаронидааст, ки аз ин шумора 94 (2025 – 59) адади он бо дархости дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ сурат гирифтааст.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 11731  (2025 – 13089) ҷиноятҳои умумӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 592 (2025 – 534) ҷиноят вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мебошад, ки 5 фоизи ҷиноятҳои умумиро ташкил дода, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта, 58 ҷиноят ё 11  фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 2 т 963 кг маводи нашъаовар мусодира карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025 (3 т 107  кг 4 гр) 143  кг  ё 5 фоиз  кам мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳамин маводҳои мусодирагардида, аз ҷумла:

– маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона 1 тоннаю 740 кг 936 гр (2025 – 2 тоннаю 34 кг 585 гр) 293 кг 649 гр ё 14,4 фоиз кам;

– маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ 695 кг 897 гр (2025 – 916 кг 823 гр) 220 кг 926 гр ё 24 фоиз кам;

– моддаҳои психотропӣ 526 кг 316 гр (2025 – 155 кг 536 гр)-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 370 кг ё 3,3 маротиба зиёд мебошад. Аз ин миқдор 72 кг 853 гр метамфетамин (2025 – 152 кг 241 гр), 5 кг 157 гр МДМА (10463 ҳаб), 7 гр фенобарбитал (4 ҳаб), 4017 ҳаб алпразолам ва 448 кг 298 гр прегабалинро (1 957 372 ҳаб) ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ (1 957 372 ҳаб) моддаҳои психотропии прегабалин, ки ба ҷумҳурӣ ворид гардидааст мусодира карда шудааст.

Ҳамасола миқдори зиёди маводи нашъаовар дар хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон мусодира мегардад. Дар нимсолаи якуми соли 2026 ин шумора ба 1 т 513 кг (соли 2025 – 1 т 692 кг 421 гр) баробар гардид.

Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар хатти сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Афғонистон 7 ҳолат бо қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, 17 нафар шаҳрванди Афғонистон безарар гардонида шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои транзитии воситаи нашъадор ва моддаҳои психотропии синтетикӣ дар самти Масири Шимол боқӣ мемонад.

Таҳлилу арзёбии маълумоти воридгардида аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Афғонистон кишт, коркард ва истеҳсоли маводи нашъаовар, аз ҷумла моддаҳои психотропии синтетикӣ зина ба зина афзоиш ёфта, махфигоҳҳо ва лабораторияҳои истеҳсолӣ то ҳол фаъолият менамоянд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол кишти кӯкнор ва истеҳсоли маводи нашъаовар ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳудуди Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ бо ҷурми муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар 28 нафар (2025- 10) шаҳрвандони хориҷӣ дастгир шуда, аз онҳо 694 кг (2025- 147 кг ) маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Аз ҷумла, 18 нафар шаҳрвандони Афғонистон бо мусодираи 601 кг, 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мусодираи 65 кг, 1 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Қазоқистон бо мусодираи 10 кг, 2 нафар шаҳрванди Қирғизистон бо мусодираи 5 кг ва 1 нафар шаҳрванди Украина бо мусодираи 11 кг ба қайд гирифта шудааст.

Инчунин, тибқи маълумотҳои пешакии аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ воридгардида, 191 (2025-344) нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар дигар давлатҳо барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дастгир шуда, аз онҳо 35 кг 35 гр (2025-133 кг) маводи нашъаовар мусодира гардидааст, аз ҷумла 16 кг 577 гр героин, 291 гр ҳашиш, 3 кг 549 гр моддаҳои психотропӣ ва 16 кг 618 гр дигар намуди маводи нашъаовар мебошад.

Чун ҳамасола бештари дастгиршудагон дар Федератсияи Россия – 156 нафар бо мусодираи 35 кг, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон – 12 нафар бо мусодираи 107 ҳабби психотропӣ, дар Ҷумҳурии Қазоқистон – 19 нафар бо мусодираи 1 гр, дар Ҷумҳурии Беларус – 3 нафар бо мусодираи 1 гр  ва 1 нафар дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо мусодираи 3 кг 900 гр моддаи сахттаъсири зопиклон ба қайд гирифта шудааст. Аз шумораи умумии дастгиршудагон 8 нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 01 июли соли 2026 – 3959 (2025-4002) нафар беморони нашъаманд дар қайдҳои наркологӣ қарор доранд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43 нафар ё 1,1 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 111 (2025-108) нафарро занҳо ташкил медиҳанд.

Аз шумораи умумии нашъамандони дар қайд буда, 993 нафари онҳо маводи нашъаоварро бо роҳи тазриқӣ истеъмол менамоянд, ки ин шумора 25 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра, дар муассисаҳои наркологии ҷумҳурӣ бори аввал 231 нафар бо ташхиси «нашъамандӣ» ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2026 – 40 фавти беморони нашъаманд, аз ҷумла 1 нафар зан ба қайд гирифта шуда, аз зиёд заҳролудшавӣ (передозировка) 1 нафар бақайд гирифтааст.

Имрӯз дар Тоҷикистон ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 39,6 нашъаманд рост меояд, ки он назар ба дигар давлатҳо нишондиҳандаи хело паст аст.

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Нақшаи чорабиниҳои асосии иҷрои Барномаи соҳавӣ оид ба амалигардонии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва таъмини иҷрои босамари қарорҳои Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор аз ҷониби Агентӣ бо вазорату идораҳои дахлдори кишвар нақша-чорабиниҳо ба тасвиб расонида, ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва паҳншавии он дар байни қишрҳои гуногуни аҳолии кишвар 279 вохӯрӣ, 20 семинар, 18 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ ва 27 мизи мудаввар гузаронида шуда, дар васоити ахбори омма 117 баромадҳо, аз ҷумла 85 баромад дар телевизион, 19 баромад дар радио ва дар матбуоти даврӣ 13 мақолаҳо инъикос ва нашр гардида, 279 маълумот дар сомонаи расмии Агентӣ (akn.tj) ва шабакаҳои иҷтимоии интернет пахш карда шудаанд.

Дар бухории Агентӣ дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма 333 кг 26 гр маводи нашъаовар барои нобуд кардан, бо роҳи сӯзонидан баргузор гардид.