Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар байни кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе

Санаи 17 –уми июли соли 2026 кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар толори Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо кормандони раёсати мазкур вохӯрӣ дар мавзӯи “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят дар муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар” ва бемориҳои сироятӣ аз он ҷумла ВНМО/БПНМ баргузор намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар анҷоми вохӯрӣ иштироккунандагон ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.