Дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа, расонидани ёрии моддӣ ба пиронсолону маъюбон ва таваҷҷуҳ ба шахсони эҳтиёҷманд аз арзишҳои муҳими инсондӯстӣ ва суннатҳои неки мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин иқдомҳо бо сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳанг буда, дар таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ, меҳрубонӣ ва масъулияти иҷтимоӣ нақши муҳим доранд.
Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 6-уми сентябри соли равон кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хона-интернати пиронсолон ва маъюбони «Батош»-и шаҳри Турсунзода ташриф оварда, ба бошандагони муассиса кумаки моддӣ ва маводи ғизоӣ расониданд.
Зимни мулоқот кормандони Агентӣ бошандагони хона-интернатро ба муносибати ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Дар навбати худ, бошандагони хона-интернат барои таваҷҷуҳу ғамхориҳо изҳори сипос намуда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумат барои чунин дастгириҳои пайваста миннатдорӣ баён карданд.

