Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Назорати маводи нашъаовар – заминаи муҳими ҳифзи саломатии ҷомеа ва амнияти миллӣ

Доир ба баргузории озмуни иншои бехтарин бахшида ба 5 октябр Рӯзи забони давлатии Чумхурии Точикистон дар мавзуи “Назорати маводи нашъаовар дар даврони Истиклоли давлатӣ омили муҳими таъмини амнияти миллӣ!”

Бо максади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солхои 2021- 2030” ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солхои 2026-2030, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шахри Душанбе, бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 октябр-Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон, ки имрӯз яьне “25” сентябри соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои 9-11-и МТМУ ноҳияи мазкур Иншои бехтарин дар мавзуи “Назорати маводи нашъаовар дар даврони Истиқлоли давлатӣ омили муҳими таъмини амнияти миллӣ!”-ро ифтитоҳ намуд.

Бояд кайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур боз хам баланд бардоштани маълумотнокии хонандагон оид ба хатари маводи нашъаовар, коҳиши талабот, бедор намудани ҳисси бадбинӣ ба маводи нашъаовар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба хониш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Баҳри таҳкими пояхои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳо, саҳмгирии наврасону ҷавонон бараъло эхсос мегардад. Пас аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари чомеаи имрӯза-нашъамандиву нашъачаллобӣ, терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.

Дар ин робита, Агентӣ ташаббускори чунин силсила чорабиниҳо дар байни наврасону ҷавонони кишвар буда, баҳри огоҳ будани онҳо аз дарки хатари иллатҳои нашъамандӣ озмун дар байни толибилмон баргузор менамояд.