Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Назорати маводи нашъаовар дар даврони Истиқлоли давлатӣ – омили муҳими таъмини амнияти миллӣ

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷиҳати амалишавии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030” баҳри баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба зарари маводи нашъаовар дар ҷомеа, пешгирию коҳиш додани сатҳи нашъамандӣ, роҳандозӣ намудани тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар байни ҳамаи табақаҳои аҳолӣ мунтазам чорабиниҳои гуногуни оммавӣ ташкил ва баргузор менамояд.

Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб ин ташаккули шуури зиддинашъамандӣ ва фарҳанги зиддинашъамандӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад, ки дар ҷараёни он насли наврас ва дар навбати худ волидайни онҳо оид ба омилҳои номатлуби нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ҳамчун падидаи воқеияти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он бархӯрдор мегарданд.

Бо ин ҳадаф, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-уми октябр – Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 25 сентябри соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, миёни хонандагони синфҳои 9, 10 ва 11-и ноҳияи мазкур озмуни иншои беҳтарин дар мавзуи “Назорати маводи нашъаовар дар даврони Истиқлоли давлатӣ – омили муҳими таъмини амнияти миллӣ” баргузор гардид. Дар озмун 110 нафар хонандагон аз 20 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба шумор рафта, гузашта аз ин муаррифгари миллат мебошад. Баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини сулҳу суботи кишвар, таъмини рушди илму маориф ва пешрафти дигар соҳаҳои ҳаёти хоҷагӣ, саҳмгирии наврасону ҷавонон бараъло эҳсос мегардад. Пас аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – нашъаҷаллобӣ, терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Дар ин робита Агентӣ ташаббускори чунин силсилачорабиниҳо дар байни наврасон ва ҷавонони кишвар буда, баҳри огоҳ будани онҳо аз дарки хатари иллатҳои нашъамандӣ озмун дар байни толибилмон баргузор намуд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи баргузории чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ, ки мунтазам аз тарафи Агентӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо хонандагони синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар баргузор мегарданд, наврасону ҷавонони мамлакат аллакай аз зарар ва оқибатҳои фоҷиабори нашъамандиву нашъаҷаллобӣ огоҳӣ доранд.

Баҳри таъмини шаффофияти озмун, ҳайати комиссияи санҷишӣ аз ҳисоби кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе таъсис дода шуд. Дар натиҷа, ҳайати комиссияи санҷишӣ ғолибонро муайян намуд.

Ҷамъбасти чорабинӣ 2 октябри соли ҷорӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҷалби доираи васеи қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ дар фазои тантанавӣ баргузор карда шуд, ки дар он намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовар, шуъбаи маорифи ноҳия ва дигар меҳмонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур, аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Викторина” доир карда шуд.

Дар интиҳо, аз номи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон ва устодон бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи фарҳангии омоданамудаи масъулин, анҷоми чорабиниро боз ҳам хотирмон намуд.