Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қ/А 50. ш. Душанбе, кӯч. Н. Қарабоев-52.

Вохӯрӣ дар байни афсарон ва ҳайати шахсии қисми ҳарбии 0121

Санаи 16 –уми октябри соли 2026 намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори қисми ҳарбии 0121-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни афсарон ва ҳайати шахсӣ дар мавзӯи “Зарару зиён, истифода ва истеъмоли маводи мухаддир ва токсикӣ”, “Пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар” ва муаррифии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, дар солҳои 2026-2030” вохурӣ баргузор намуданд.