Санаи 28 октябри соли 2026 Шуъбаи байниноҳиявии Кӯлоби Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо Маркази вилоятии бемориҳои наркологии минтакаи Кӯлоб бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар солҳои 2026-2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 сентябри соли 2025 таҳти №1072 тасдиқ шудааст, ҷиҳати пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонони кишвар, инчунин муқовимат ба дигар таҳдиду хатарҳои замони муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.




