Санаи 30–юми октябри соли 2026 дар толори китобхонаи марказии шаҳри Хоруғ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат мутахассисон ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон”, “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, Стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, “Нақшаи кори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак” , “Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ва масъалаҳои пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор суханронӣ намуданд.


