Санаи 31-уми октябри соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар толори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Ишкошим бо иштироки кормандони Шуъбаи ноҳияи Ишкошими Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, мудири Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим ва директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Ишкошим бо омӯзгорону хонандагон дар самти пешгирии нашъамандӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва нигоҳ доштани генофонди миллат вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қариб дар ҳамаи баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро масъалаи истеъмоли маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ ба ташвиш овардааст. Ин масъала ба мушкилоти иҷтимоию фарҳангӣ табдил ёфта, хатару таҳдидҳои ҷиддиро барои миллат эҷод менамояд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ низ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла ҷавонону наврасон баромаду суханрониҳо намуда, онҳоро барои боз ҳам хубтар машғул шудан ба илмомӯзӣ, варзиш ва дигар корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ роҳнамоиву ҳидоятҳо намуданд.

