Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 2-юми ноябри соли равон ҷаласа “Оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – хизматии Агентӣ дар 10 моҳи соли 2026” бо иштироки Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти хизмати назорати маводи нашъаовар Зафар Самад, муовини якум ва муовини директор, инчунин бо иштироки кормандони дастгоҳи марказӣ, Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва раёсату шуъбаҳои мустақили Агентӣ, ҳамзамон раёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шуъбаҳои минтақавии ин раёсатҳо тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Дар оғози кори ҷаласа муовини якуми Директори Агентӣ оид ба натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти ҷайдошта ва тадбирҳои андешидашуда дар самти фаъолияти хизматии кормандони Агентӣ дар даҳ моҳи соли 2026 ҳисобот пешниҳод намуданд.
Дар раванди натиҷагирӣ ва таҳлили фаъолияти соҳа, аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти корҳои профилактикӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти оперативӣ-хизматӣ ва масъулиятшиносӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, раёсату шуъбаҳои Агентиро доир ба самтҳои ошкори ҷиноят, мусодираи ҳаҷми калони маводи нашъаовар, ошкор ва қатъ намудани фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, нигоҳдорандагони фасодхонаҳо, шахсони ба фурӯши воситаҳои нашъадори синтетикӣ дастдошта, муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарор дошта, инчунин мубориза бо ҷиноятҳои экстремистию террористӣ, коррупсия, савдои одамон, силоҳ, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва дигар ҷиноятҳо тақвият дода, фаъолиятро дар самтҳои зикргардида пурзур намоянд.
Директори Агентӣ дар фарҷоми ҷаласа таъкид намуданд, ки ҷиҳати таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ҳамоҳангии фаъолият дар миқёси байналмилалию минтақавӣ ва эҷоди механизми боэътимоди муборизаи муштарак бар зидди хавфу таҳдидҳои амниятӣ, баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбӣ, омодабошии ҷисмонӣ ва ҷангии кормандон ва аз худ кардани таҷрибаи кори муосир, як қатор дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

