Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 6-ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини Директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин санаи муҳими давлатӣ самимона табрик намуданд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ заминаи устувори давлатдорӣ, таҳкими пояҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишвар вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Дар идомаи ҷаласа як қатор кормандон баромад намуда, доир ба аҳаммияти Конститутсия дар ҳаёти ҷомеа, нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ ва масъулияти насли ҷавон дар ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаҳои худро баён карданд.
Иброз доштанд, ки эҳтиром ба Конститутсия ва арзишҳои он бояд ҷузъи ҷудонашавандаи фаъолияти ҳар як корманди соҳаи хизмати давлатӣ буда, ҷавононро зарур аст бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба Ватан барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузоранд.
Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарияти Агентӣ бори дигар кормандонро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияти хизматӣ комёбиҳо, саломатии бардавом ва барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талошҳои созанда таманно намуданд.



