(Тоҷикӣ) БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

0
322

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи  15 августи  соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”  ҷаласаи  васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Азим Иброҳим баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шерхон Салимзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа, аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, муовинони раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳавӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

1.Вазъи имрӯзаи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои пешгирии он”.

  1. “Вазъи Вируси норасоии масъунияти одам/Бемории пайдошудаи норасоии масъуният ва вазъи осебпазирии аҳолӣ бо тадбирҳои пешгирии онҳо”.

3.Маълумот оид ба иҷрои  қарорҳои Протоколи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор аз 12-уми феврали соли 2019.

Оид ба масъалаи якум Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси  Шӯро- Шерхон Салимзода,  доир ба масъалаи дуюм Вазири тандурустї ва ҳифзи иљтимоии аҳолии Љумњурии Тољикистон, муовини раиси Шӯро- Насим Олимзода ва оиди масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа  Котиби Шӯро, сардори Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ, Бозоралӣ Сафарализода баромад намуданд.

Пас аз анҷоми баромадҳо муҳокимаронӣ ва мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои болозикр сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Мақсади баргузории  ҷаласаи васеи Шӯро  ба ҳам овардани шахсони масъул дар соҳаи наркологӣ ва пешгирии нашъмандӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ дар пешгирии нашаъмандӣ ва ВНМО, пешниҳод намудани маълумоти дақиқ оид ба  шумораи шахсони нашъманд ва осебпазири ВНМО, пайдо кардани маълумот оид ба иҷори қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор мебошад.

Ҷаласаи  васеи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор аз авали фаъолияташ  маротибаи якум аст, ки  дар сатҳи васеъ баргузор гардид.

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ