(Тоҷикӣ) Вохӯрии Директори Агентӣ бо Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе

0
494

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Роҳбари тозатаъини Роҳбари Департаменти ҳарбӣ-сиёсии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе Карл Ёхан Дал санаи 8 августи соли равон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо Директори Агентӣ Шерхон Салимзода вохӯрӣ намуд.  

Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ ба Карл Ёхан Дал дар бораи Агентӣ мақсад, вазифа ва сохтори он, ҳамчунин вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар ва оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ ва ташаббусу пешниҳодоти тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани муборизаи самаранок бо муомилоти  ғайриқонуни маводи нашъовар маълумот доданд.

Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур аз ҷониби Агентӣ пешниҳод оид ба таҳияи лоиҳаҳо ва буҷети Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 ва пешниҳоди ҳамкориҳои минбаъда дар самти назорати маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорат ва пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар боз ҳам мустаҳкам хоҳанд намуд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ