(Тоҷикӣ) Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
773

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Сафири фавқулодда ва мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершейм санаи  6 майи соли равон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо Директори Агентӣ муҳтарам Шерхон Салимзода мулоқот намуд.

Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ ба Ҷон Марк Поммершейм   дар бораи сиёсати зидди муходиротӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъовар, мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ, вазъи назорати маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ бо мақомоти ваколатдори хориҷи кишвар ба сафир  иттилоъ дод.

Инчунин  Директори Агентӣ ба сафир миннатдории худро барои сохта ба истифода додани биноҳои маъмурии Агентӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ишкошим, Мурғоб ва Дарвози ВМКБ бо Ҷумҳурии Афғонистон, ноҳияи Лахш ва шуъбаи махсусгаронидашудаи Агентӣ баён намуд.

Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳо байни Агентӣ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафир омодагии хеш ва Сафоратро ҷиҳати густариш ва рушди ҳамкориҳо бо Агентӣ баён намуда, дар ин самт якчанд таклифҳои судманд пешниҳод намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар боз ҳам мустаҳкам хоҳанд намуд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ