(Тоҷикӣ) Вохӯрии Директори Агентӣ бо Сафири Ҳиндустон

0
188

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 31 октябри соли 2019 мулоқоти Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Синх дар Агентӣ баргузор гардид.
Директори Агентӣ дар оғози вохӯри ба Сафир оид ба вазъи назорати муомилоти маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоот дода, инчунин ӯро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.
Ҷаноби Вираҷ Синх ба Директори Агентӣ барои маълумоти пешниҳоднамуда изҳори миннатдорӣ карда, ба сиёсати зиддимухаддиротии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар самти назорати маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ баҳои баланд дод.
Ҳамчунин дар вохӯри масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Агентӣ ва мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, бозомӯзии кадрҳо, ташкил ва гузаронидани тренингҳои омӯзишӣ ва бунёди як майдончаи варзиширо баҳри тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонони ноҳияҳои дурдасти мамлакат мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор доданд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ