(Тоҷикӣ) Вохӯриҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

0
990

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

    Рузҳои 16 ва 17 январи  соли 2019 дар муассисаи таҳсилоти умумии №3 ноҳияи Фирдавсӣ ва муассисаи таҳсилоти умумии №36 ноҳияи Шоҳмансур бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ  вохӯрӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ баргузор карда шуд.

     Дар вохурии мазкур кормандони шуъбаоид ба омилҳои номатлуби нашъамандӣ, сабаб ва оқибатҳои сар задани вобастагӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз истеъмоли маводҳои мухаддиробо истифода аз презентатсия баргузор намуданд.

    Ҳамзамон кормандони Агентӣ 16 январ бо истиқоматкунандагони маҳаллаи “Шодӣ” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарзи ҳаёти солим,пешгирӣ аз нашъамандӣ ва беморҳои сироятӣ дар байни ҷавонону наврасон суҳбату вохӯрӣ доир намуданд.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ ба иштирокчиён варақаҳои итилоотии зиддинашъамандӣ тақсим карда шуд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ