(Тоҷикӣ) Вохӯрӣ бо устодон ва волидон

0
204

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Мутобиқи нақша чорабиниҳои муштараки Агентии назорати маводи нашъаовариназди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 9 октябри соли  2019 дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо аҳолии маҳаллаи 62 ва устодони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

КормандониАгентӣ зимни вохӯрӣ оид ба хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ, бемориҳои хатарноки сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятӣ, баромад намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ,инчунин аз ҷониби дигар намояндагони сохторҳои давлатӣоид ба масъалаҳои пешгирӣ намудани ҷавонону наврасон аз нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, ҷиноятҳое, ки азтарафи ҷавонон сар мезананд, риоя намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,одоби шаҳрнишинӣ ва тоза нигоҳ доштани майдончаҳои варзишии дар назди биноҳои истиқоматӣ қарордошта, суханронӣ карда шуд.

 

 

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ