(Тоҷикӣ) Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Рудакӣ

0
869

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Бо ташаббуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Рудакӣ  санаи 28 феврали соли ҷорӣ дар  бинои маҷлисгоҳи ҳукумати ноҳияи Рудакӣ  вохӯрии Муовини Директори Агентӣ генерал-майори х.н.м.н. Муртазо Ҳайдарзода бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони маорифу тандурустӣ, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва имомони масҷидҳо, ҷавонон, аҳли зиё, донишҷӯён ва пирони барнодили ин ноҳияи номдор баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур Муовини Директори Агентӣ нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро шаҳр дода иброз карданд, ки Паёми мазкур тамоми ҷамбаҳои асосии ҷамъиятро фаро гирифта, барои ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ барномаи пешбурди зиндагӣ мебошад.

Дар рафти суханронии хеш муовини Директори Агентӣ дар бораи хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла содиршавии амалҳои террористиву эктремистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, қочоқи маводи мухаддир, аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ, ҳимояи марзу буми кишвар таъкид намуда, даъват бар он намуданд, ки мо бояд дар ҳамбастагӣ бар зидди ин таҳдидҳо ва чолишҳои ҷомеаи муосир мубориза барем.

Муртазо Ҳайдарзода дар баромади худ оид ба вазъи маводи нашадор дар ҷумҳурӣ маълумот дода қайд кард, ки ноҳияи мазкур яке аз ноҳияҳои калонтарини тобеи ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва нисбат ба зиёд будани аҳолӣ дар ноҳияи мазкур метавонад сафи нашъамандон ва мубталоёни бемориҳои сироятӣ дар он нисбат ба дигар ноҳияҳо ташвишовар боқӣ монад.

Ҳамзамон даъват ба амал оварда шуд, ки шаҳрвандон бештар ба риояи қонунҳо, хусусан “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва  “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” бештар диққати махсус зоҳир намоянд. Фарзандону насли ҷавонро дар руҳияи ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, посдорандаи фарҳангу анъанаҳои миллӣ тарбия намуда дар роҳи камолот онҳоро ҳамсафари нек бошанд.

Аз сокинони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон оиди роҳ надодан ба ҳолатҳои муомилоти ғайриқонуни маводи наъшаовар корбарӣ намоянд.

Ҳамчунин иштирокчиён оид ба баргузории чунин чорабинӣ миннатдории худро баён намуда, савол ва пешниҳодҳои муфидро дар мавзӯъҳои дахлдор иброз доштанд.

Аз ҷониби Раиси Ҳизби Халқии Демократии ноҳияи Рудакӣ Юсупов Ҳамзаалӣ пешниҳод карда шуд, ки китоби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд дастурамали рӯи мизии ҳар як корманди мақомоти давлатӣ ва аҳли зиё бошад.

Дар хотимаи ҷаласаи мазкур муовини Раиси ноҳия Ашурзода Раҷабалӣ  ташрифи меҳмононро ба диёри файзбори Рудакӣ хайрамақдам гуфта, ба ҳозирин таъкид намуданд, ки Паёми пешвои миллатро ҳамчун дастури корбарӣ дар ҳаёти худ ҳамарӯза мавриди истифода қарор диҳанд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ