(Тоҷикӣ) Дар Тоҷикистон натиҷаҳои марҳилаи якуми амалиёти “Кӯкнор-2019” баррасӣ гардиданд

0
138

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

05 сентябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои марҳилаи якуми амалиёти ҷумҳуриявии “Кӯкнор-2019” бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар амалиёти мазкур, ки марҳилаи якуми он аз 20 май то 31 август давом ёфт, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, инчунин ноҳияҳои тобеи марказ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки дар рафти баргузории марҳилаи якуми амалиёт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодираи маводи нашъаовар, моддаҳои нави психотропии синтетикӣ муайян кардан, дарёфт ва мусодира кардани ниҳолҳои нашъадори худрӯй ва бо роҳи сӯзонидан нобуд кардани онҳо ба роҳ монда шуд.

Бо мақсади пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъаовар нақшаҳои чорабиниҳои муштарак таҳия ва тасдиқ гардида, дар асоси он байни табақаҳои мухталифи аҳолии ҷумҳурӣ, ҷиҳати бозҳам баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ ва эмин нигоҳдоштани аҳолӣ аз ин хатарҳо чорабиниҳои оммавӣ, фарҳангӣ, пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Ба диққати ҳозирин маълумотнома оиди ҷараёни иҷрои марҳилаи якуми амалиёт аз ҷониби ситодҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ пешкаш кардашуд.
Пешниҳодҳои намояндагони якқатор вазорату идораҳо нисбати беҳтар гардонидани фаъолияти ситодҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба инобат гирифта шуданд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ