(Тоҷикӣ) Дар шаҳри Боку Ҷумҳурии Озорбойҷон 36-умин конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар баргузор гардид

0
705

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Рӯзҳои 15-17 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Конфронси 36-уми байналмилалии сохторҳои зиддимухаддиротӣ (IDEC XXXVI) дар мавзӯи “Истифодаи шарикии ҷаҳонӣ” баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони мақомоти бо маводи нашъаовар муборизабарандаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – лейтенанти адлия Шерхон Салимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Конфронси мазкур чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ буда, ҳамасола аз ҷониби Раёсати мубориза бо маводи нашъаовари (DEA) Вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил карда мешавад.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур вохӯрии Директори Агентӣ бо Директори минтақавии Раёсати мубориза бо маводи нашъаовари (DEA) Вазорати адлияи ИМА ҷаноби Виллиам Варен  ва мулоқот бо Диектори Раёсати марказии мубориза ба маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилии Италия оид ба рушду тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба доир гардид.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ