(Тоҷикӣ) Захираи маҳсулоти ғизоӣ барои давраи тирамоҳу зимистон

0
134

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020”аз ҷониби роҳбариятӣ Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонярмаркаи фуруши маҳсулоти хӯрокворӣ,аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои кормандони Агентӣ ташкил карда шуд, ки нархи маҳсулотҳо нисбат ба бозору марказҳои савдо арзонтар ба фурӯш гузошта шуда буд.Дар  ярмаркаи мазкур маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, сабзавот ва дигар маҳсулоти ниёзи кормандон ба онҳо пешкаши  гардонида шуд.

Роҳбарияти Агентӣ тасмим гирифтааст, ки оид ба захира намудани маҳсулоти хурокворӣ барои кормандон дар мавсими зимистон дар оянда низ чунин иқдомҳоро амалӣ намояд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ