(Тоҷикӣ) Иштироки муовини Директори Агентӣ дар Иҷлосияи 54-уми Зеркомиссия оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Шарқи Наздик

0
308

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Рӯзҳои 23-27 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Иҷлосияи 54-уми Зеркомиссия оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Шарқи Наздик ва Миёна ва масоили марбут ба он, баргузор гардид.

Дар кори он муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори х.н.м.н. Муртазо Ҳайдарзода иштирок ва суханрони намуданд.

Дар Иҷлосияи мазкур роҳбарон ва намояндагони мақомоти зиддимухаддиротии 24 кишвар ва 4 созмони байналмилалӣ иштирок карданд.

Дар оғози чорабинӣ, аз ҷониби иштирокчиён рӯзномаи Иҷлосия тасдиқ гардида, дар рафти он масъалаҳои вобаста ба ҳолати муосири ҳамкории минтақавӣ ва татбиқи тавсияҳое, ки дар Иҷлосияи 52-юми Зеркомиссияи мазкур қабул карда шуда буданд, муҳокима гардиданд.

Бо мақсади баррасии масъалаҳои аҳамияти минтақавидошта, расонидани ёрӣ дар гузаронидани муҳокимаҳои ғайрирасмӣ ва мубодилаи фикру ақидаҳои озод гурӯҳои корӣ таъсис дода шуданд. Аз ҷониби гурӯҳои кории мазкур масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

– муҳим будани мубодилаи иттилооти кашшофӣ–оперативӣ ва мусоидат дар чунин мубодила;

– муомилоти ғайриқонунии гурӯҳҳои афюнии синтетикӣ ва бангдонаи синтетикӣ ва чораҳои мубориза бо чунин муомилоти ғайриқонунӣ;

– истеҳсоли ниҳоят зиёди маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ ва масъалаҳои ба он алоқаманд; чораҳои амалӣ, ки ба пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ байни кӯдакон ва ҷавонон бо назардошти талаботи махсуси онҳо равона гардидаанд.

Дар анҷоми иҷлосияи Зеркомиссия бо дарназардошти хулосаву тавсияҳои иштирокчиёни он маърӯзаи кори иҷлосияи 54-уми Зеркомиссия оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Шарқи Наздик ва Миёна ва масоили марбут ба онро тасдиқ намуд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ