Кормандони Агентӣ дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ ду вохӯрӣ гузарониданд

0
1956

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ баргузории чорабиниҳои зиддинашъамандиро дар соли 2015 оғоз намуданд.     14 январи соли 2015 дар байни истиқоматкунандагони Шӯрои маҳаллаи 12 ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Душанбе дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, Вазорати корҳои дохила, Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази иттилоот ва тамоюли ҷавонон” вохурӣ оиди омилҳои номатлуби маводҳои мухаддир, аз ҷумла намудҳои синтетикии он баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур ҳар як намоянда оид ба мушкилоти ҷомеаи муосир – нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ суханронӣ намуданд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ