(Тоҷикӣ) Маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
203

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 5 ноябри соли 2019 дар толори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи тантанавӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита аз ҷониби ҳайати шахсии Агентӣ хонда шуд, оғоз ёфт.

Дар оғози суханронӣ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода ҳайати шахсии Агентӣ ва дар симои онҳо аҳлу оилаашонро бо муносибати ин санаи бузург табрик ва ба хонадони онҳо сулҳу осоишро таманно намуда, иброз доштанд, ки Конститутсияи мо хусусияти миллӣ дорад, зеро он бо иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар ин ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯс¬тонаи халқи фарҳангсолори тоҷик¬ инъикос ёфтаанд.
Мо дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон ҳуқуқуозодиҳои инсонро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.


Дар охири ҷамласа аз ҷониби кормандони Агентӣ дар бораи таърих ва арзишҳои волои Конститутсия маърузаҳо омода ва ироа карда шуд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ