(Тоҷикӣ) Мусодираи миқдори махсусан калони маводи мухаддир дар шаҳри Душанбе

0
739

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-уми марти соли 2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе кӯчаи Н.Махсум, бинои №89\3, хонаи №43 шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бисмилоҳзода Аминуллаҳро  дастгир намуданд.Ҳангоми азназаргузарони манзили истиқоматиаш  30(си) адад бастаҳои кулулашакли дорои маводи хамирмонанди қаҳваранги бӯйи махсусдошта ва 19 (нуздаҳ) адад бастаҳои чоркунҷашакли дорои маводи сахткардашудаи  қаҳваранги бӯйи махсусдошта, мусодира намуданд.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ муайян шуд, ки миқдори дар боло зикршудаи воситаҳои нашъадори навъи “ҳашиш” ва “афюн”-ро Бисмилоҳзода Аминуллаҳ  аз шиносҳояш аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номи “Шариф” ва “Нур” бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, дастрас намудааст.

Нисбати Бисмилоҳзода Аминуллаҳ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шахсони ба тафтишоти пешакӣ номаълум бо номҳои “Шариф” ва “Нур” аз ҷониби шуъбаи тафтишотӣ Агентӣ бо моддаи 200 қисми 4 банди “д” КҶ Ҷумҳуриии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ