(Тоҷикӣ) Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2019

0
178

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

14 феврал дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2019 баргузор гардид, ки дар он Директори Агентӣ Шерхон Салимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои мустақили Агентӣ, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ ва хориҷӣ иштирок намуданд.

Дар давраи мазкур аз ҷониби Агентӣ 131 (с.2018-186) ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 90 ҷиноят оиди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади фурӯш (моддаи 200 КҶ ҶТ),7 ҷиноят оиди қочоқи маводи нашъадор (моддаи 289 КҶ ҶТ) буда, 4 ҷиноят оиди ГМҶ (моддаи 200 қ 4 мебошад. Назар ба соли 2018 ҷиноятҳо 55 адад, ё 30 фоиз кам муайян ва ошкор карда шуданд.

Бо фикри айбдоркунӣ 113 парвандаи ҷиноятӣ нисбати 170 нафар, аз ҷумла оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор бо мақсади фурӯш бо моддаи 200 КҶ ҶТ 90 парванда нисбати 144 нафар ба суд ирсол карда шуданд.

Дар ин давра 356 (с.2018-343) ҳодисаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба маводи нашъаовар ошкор ва ба  қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2018 13 ҳодиса ё 3,8 фоиз зиёд мебошад. Дар робита ба ин, 405 (с.2018-379) нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Аз муомилоти ғайриқонунӣ 291 кг 423 гр (с.2018-716 кг 141 гр)  маводи нашъаовар, аз ҷумла 66 кг 624 гр героин, 75 кг 966 гр афюн, 138 кг 122 гр ҳашиш ва 3 кг 799 гр бангдона мусодира гардид, ки дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2018 424 кг 718 гр ё 2,4 маротиба кам мебошад.

Ҳамин тавр, дар соли 2019 аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар 582 ҷиноятҳо вобаста ба маводи нашъадор ошкор карда шуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 637 кг 505 гр (с.2018-3 т 696 кг 295 гр) маводи нашъаовар, мусодира шудааст, ки назар ба соли гузашта 2 т 058 кг 790 гр, ё 2,2 маротиба кам мебошад.

Татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатӣ ва дар маҷмӯъ чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар барои ба даст овардани натиҷаҳои мусбат мусоидат намуданд.

Дар ин росто, аз рӯи маълумоти  мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия, ки дар “Масири Шимол” қарор доранд, то 5-6 маротиба коҳиши назарраси ҳаҷми воридот ва қочоқ, содирот ва мусодираи маводи мухаддири афғонӣ дар муқоиса бо солҳои пешин ба мушоҳида мерасад.

Ба ин ҳолат далелҳои зерин шаҳодат медиҳанд:

– интиқоли 10 фоиз (ё аз рӯи маълумоти СММ 20 фоиз) маводи мухаддири истеҳсоли Афғонистон тавассути “Масири Шимол” ва боқимонда 90 (80 фоиз) фоиз аз дигар масирҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки назорат дар ин самт дар ҷумҳурӣ ва умуман дар Масири Шимол бамаротиб пурзӯр карда шудааст;

– аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегарданд, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира мегарданд. Соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмуъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 т 637 кг маводи мухаддир мусодира гардид, ки аз онҳо 781 кг ё 48 фоиз дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардидаанд. Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштаем;

– дар се соли охир  (2017 – 2019) дар давлатҳои хориҷӣ ягон ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст, ба истиснои як ҳолат дар Қазоқистон (аз автомашина 12 кг героин). Солҳои пешин, яъне 5-6 сол қабл ҳамасола дар ҳудуди Федератсияи Россия, Қазоқистон ва дигар давлатҳо 10-15 чунин ҳолатҳо ба миқдори махсусан калон ( 100 кг ва зиёд)  ошкор мешуданд;

– дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа соли 2017 ба 33 фоиз ва соли 2018 ба 10 фоиз, аз ҷумла дар Федерасияи Россия мутаносибан ба 31 ва 11 фоиз кам шудааст. Ин раванд дар соли 2019 низ идома ёфта, аз руи маълумотҳои пешакӣ коҳишёбӣ 23 фоизро ташкил медиҳад, аз ҷумла дар Федератсияи Россия 24 фоиз;

– ҳамин тавр дар 5 соли охир дастгиршавии шаҳрвандони мо дар хориҷа 2,5 маротиба 750/241 ва ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар 6,3 маротиба (1299/205 кг) кам шудааст;

– ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятҳои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар соли 2019 582 ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд (соли 2018-812 ҷиноят);

– дар Тоҷикистон мақомоти салоҳиятдор ҳамасола аз муомилоти ғайриқонунӣ аз 2 то 5 тонна маводи мухаддирро мусодира менамоянд. Танҳо дар ду соли охир (2017-2018)  аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 8 тонна маводи мухаддир мусодира гардидааст. Солҳои охир коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар дар ҷумҳурӣ ба мушоҳида мерасад, мисол ҳаҷми мусодираи он дар соли 2018 29 фоиз ва соли 2019 2,2 маротиба кам гардидааст. (соли 2019-1 т 637,5 кг);

– дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ, аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад;

– солҳои охир дар Тоҷикистон коҳишёбии сатҳи нашъамандӣ дар байни аҳолии маҳаллӣ ба мушоҳида расида, шумораи нашъамандон аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5375 нафар ба ҳолати 1 январи соли 2020 расидааст, ки он ба 3270 нафар ё 37,8 фоиз ва дар муқоиса бо соли гузашта бошад ба 684 нафар ё 11,3 фоиз коҳиш ёфтааст;

– дар давоми солҳои 2017-2019 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 32 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллиро ошкор ва фаъолияташонро қатъ намуданд;

– аз сабаби он, ки мубориза дар кишварҳои Масири Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият дода шуд, чанд соли охир мусодираи маводи мухаддири истеҳсоли афғонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия қариб 6 маротиба коҳиш ёфтааст;

– ҳар сол (4 соли охир) дар Тоҷикистон 10-15 ҳазор таблеткаҳои моддаҳои нави синтетикии психотропии нашъадор мусодира мегарданд.

Дар соли 2018 15 880 ва соли 2019 7555 адад чунин ҳаббҳо мусодира шудаанд. Асосан ҳаббҳои МДМА, алпразолам, фенобарбитал, амфетамин ва дигар намудҳо мусодира мегарданд. Бори аввал дар Тоҷикистон моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор соли 2006 дар намуди 1 (як) адад ҳабб мусодира шуда буд. Баъдан низ чунин ҳаббҳо мусодира мешуданд, вале онҳо характери якдафъаинаро доштанд. Дар панҷ соли охир бошад, ошкор ва мусодираи моддаҳои синтетикии психотропии нашъадор характери системавӣ ва доимӣ пайдо намудааст, ки боиси нигаронӣ мебошад.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ