(Тоҷикӣ) Оғози курси сайёри оперативӣ барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ

0
134

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Дар асоси Барномаҳои ҳамкории якҷоя бо Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия азсанаи 26 ноябр то 6 декабри соли 2019 дар бинои Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявииДафтари барномаи Созмони амнияти ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (РСММ), курси омӯзишии сайёри оперативӣ барои кормандони оперативии Агентӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

 

Дар маросими кушодашавии машғулияти мазкур муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода,афсари Шуъбаи ҳамкориҳои ҳарбӣ-сиёсии САҲА Маҳмадиев Ҳайдар Холович ваИҷрокунандаи вазифаи Роҳбари РСММ Мутабара Воҳидова иштирок намуданд.

Дастурдеҳон аз Донишкадаи умумироссиягии такмили ихтисос, Донишкадаи ҳуқуқи Сибири Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия даъват шудаанд, ки мувофиқи нақша ба 43 нафар кормандон дар давоми 10 рӯз таҷрибаҳои тахассусӣ ва дарсҳои интерактивро бо истифода аз ашёҳои аёнӣ меомӯзанд.

Ҳамзамон иштирокчиёни машғулиятҳои мазкур дар давоми таҳсили худ бо ашёҳои хониш ва хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ дар оянда низ баргузории чунин курсҳои такмили ихтисос ба нақша ворид карда шудааст.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ