(Тоҷикӣ) Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъаовар

0
133
????????????????????????????????????

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Бо тавсияи Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз соли 1987- 26 июн ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии онҳо” эълон карда шуд, ки минбаъд дар саросари ҷаҳон ин рӯз ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамасола Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти онро пешгирии нашъамандӣ ташкил мекунад,  бахшида ба ин рӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим маҷмӯи чорабиниҳои зиддимухаддиротииварзишӣ, оммавӣ-фарҳангӣ, семинар, мизҳои мудаввар, озмунҳо, намоиши аксу мусаввараҳорро дар байни қишрҳои мухталифи иҷтимоии аҳолӣ дар саросари ҷумҳурӣ баргузор менамояд.

Чунин, чорабиниихотирмониоммавӣ – фарҳангӣ дар мавзӯи “Ҳаёт бе маводи нашъадор” санаи 25  июни соли ҷорӣ дар назди бинои Муассисаи давлатии академии “Театри опера ва балети  ба номи Садриддин Айнӣ”, дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аксияи зиддимухаддиротӣ бо иштироки доираи васеи аҳолӣ, хусусан наврасону кӯдакон доир гардид, ки дар он муовини Директори Агентӣ генерал-майори х.н.м.н. Муртазо Ҳайдарзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинии мазкур гуруҳи санъаткорон, ҳаҷвнигорон ва варзишгарон иштирок намуда, бо баромадҳои худ хотири ҷамъомадагонро болида гардониданд.

Чорабинии мазкур тавасути шабакаҳои телевизионии дохили кишвар инъикос гардид.

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ