(Тоҷикӣ) САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТӢ БА АВСТРИЯ

0
225

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Рӯзҳои 29-30 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия нишасти Гурӯҳи кории коршиносон оид ба баррасии вазъи кунунии бозори афюн дар Осиёи Марказӣ, Федератсияи Россия ва Қафқоз  баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода иштирокнамуд.

Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода дар чорабинии мазкур доир ба амалӣ гардидани ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи таъсис додани Гурӯҳи кории байналмилалии махсуси Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми воқеии қочоқи маводи мухаддир, ки тавассути кишварҳои “Масири Шимолӣ” интиқол меёбанд, баромад намуд.

 

Дар чорабинии мазкур намояндагони мақомоти ваколатдори ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Арманистон, Федератсияи Россия, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико,инчунин намояндагони Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи  Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ва коршиносони мустақил иштироккардаанд.

Намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия дар баромадҳои худ қайд намуданд, ки мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби мақомоти марбутаи онҳо коҳиш ёфтааст. Намояндаи Федератсияи Россия махсус қайд намуд, ки коҳиш ёфтани мусодираи маводи нашъаовар аз ҷониби мақомоти давлатҳои “Масири Шимол” шаҳодати интиқоли ками маводи нашъаовар тавассути ин масир мебошад. Аз ин лиҳоз давлатҳои мазкур низ ташаббуси Тоҷикистонро ҷиҳати таъсиси Гурӯҳи кории болозикр ба маврид шумориданд.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ