(Тоҷикӣ) Силсила вохӯриҳо бо донишҷуёни донишгоҳҳо

0
412

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Агентӣ ин пешгирии паҳншавии нашъамандӣ мебошад.

Дар моҳи майи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъовар ва пешгирии  нашъамандии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи–чорабиниҳои тасдиқгардида, баҳри сазовор пешвоз гирифтани 20–солагии таъсисёбии Агентӣ силсила вохӯриҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии забониҳои ба номи  Сотим Улуғзода, Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии  шаҳри Душанбе  баргузор карда шуд.

Дар асоси Нақшаи–чорабиниҳои тасдиқгардида, дар мавзӯъҳои муҳтавои нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 уми декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ”,  “20 солагии таърихи ташкил ва таъсисёбии Агентӣ, пешгирӣ ҷавонон ва  наврасон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароӣ, пешгири аз омилҳои номатлуби нашъамандию нашъаҷаллобӣ, муқовимат ба коррупсия, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ” ва оқибатҳои нашъамандӣ ва паҳншавии бемориҳои ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) сӯҳбату вохӯриҳо  баргузор намудаанд.

Аз ҷониби донишҷӯён ва устодон дар бораи мавзӯҳои болозикр саволҳо пешниҳод карда шудаанд, ки кормандон ба онҳо посухҳои мушаххас доданд

Дар охири вохӯрӣ аз ҷониби кормандони Агентӣ ба  иштирокчиён буклеттӯ варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ