(Тоҷикӣ) Ташрифи ҳайати сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентӣ

0
472

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Санаи 21 октябри соли 2019 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода бо ҳайати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сафири Фавқулодда ва Мухтори ИМА дар Тоҷикистон, ҷаноби Ҷон Гинкел баргузор гардид.

Директори Агентӣ дар оғози вохӯрӣ ба меҳмонон оид ба вазъи назорати  маводи нашъаовар ва пешгирии нашъаманди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ иттилоот дода, инчунин меҳмононро бо мақсад, вазифа ва сохтори Агентӣ шинос намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва дурнамои рушди он муҳокима гардиданд.

Дар анҷоми мулоқот тарафҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ