(Тоҷикӣ) Таҷлили Рӯзи модар дар Агентӣ

0
934

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Бонувон имрӯз ба ҳайси мураббию омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон нақши худро мегузоранд. Мегӯянд аввалин устоди тифл дар хонавода ин модар аст, зеро нахустин алфози ширину роҳравиро кӯдакон аз модар меомӯзанд. Пас, ин мактаби бузургест, ки дар саргаҳаш устоди ҳама инсоният Модар қарор дорад. Ва, воқеан, арзандаи ҳама ситоишу муҳаббату садоқату меҳру вафост Зан Модар.

Баробари дигар вазорату идораҳои кишвар имрӯз шумораи зиёди бонувони фаъолу ташаббускор дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат менамоянд.

Навобаста ба он, ки фаъолият дар ин ниҳоди низомивӣ мушкил аст, аммо зан-модари тоҷик тавонистааст, ки бо хираду тавон ва асолати гузаштагон,  истеъдоди фитрии тоҷикононаву орифонааш аз иҷрои вазифа ва масъулиятҳое, ки давлату ҳукумат бар дӯшаш гузоштааст, сарбаландона барояд.

Санаи 7 марти соли равон роҳбарият ва ҳайати шахсии Агентӣ маҷлиси идона бахшида ба ҷашни “Рӯзи модар” баргузор намуда, бону-афсарон ва занонро, ки дар Агентӣ фаъолият менамоянд, табрик гуфта, бо қадрдонӣ аз хизматҳои содиқона ва софдилонаашон дар ҳифзу субот, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тарбияи кадрҳои арзанда барои рушду нумуи Тоҷикистони азиз онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонанд.

Дар ин рӯз ҷашн аз ҷониби кормандони Агентӣ дар васфи Зан-Модар суханҳои табрикотӣ, баромадҳо ва шеърҳои ҷолиб қироат карда шуданд.

 

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ