(Тоҷикӣ) Аспсавор аз Қазоқистон 100 кг марихуанаро ба Россия интиқол дод

0
1903

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

ОСТОНА. КАЗИНФОРМ – Сарҳадбонони Қазоқистон марди аспсаворро дастгир намуданд, ки 2 халтаро бо 100 кг марихуана ба Россия интиқол дод.

Тавре хадамоти матбуотии Хадамоти сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар медиҳад, 9 декабр наряди сарҳадии “Оқсақол”-и отряди сарҳадии Уст-Каменогорск дар 5-километраи нуқтаи назорати сарҳадии “Байтонат-авто” пайи аспро аз Қазоқистон ба Россия ошкор намуд. Сарҳадбонони Қазоқистон аз рӯи ин пайҳо сокини 40-сола Ерболро, сокини нуқтаи аҳолинишини Байтанатро ошкор ва дастгир намуданд.

Сарҳадбонони Россия ба ҳамкасбони қазоқ дар бораи дастгир намудани ду нафар дар нуқтаи аҳолинишини Россия “Круглое”: шаҳрванди 42-солаи Қазоқистон ва шаҳрванди 56-солаи Россия хабар доданд, ки аз онҳо ду халта бо марихуана ба миқдори умумии 100 кг мусодира гардид.

“Аз ин хабар Ербол дарк намуд, ки рад намудан фоида надорад ва дар убури сарҳади давлатии Қазоқистон бидуни нуқтаи гузаргоҳии “Байтанат” ва дар интиқоли ду халта бо марихуана барои шаҳрвандони дастгиршудаи Россия иқрор шуд” – гуфта мешавад дар хабар.

(Русский) ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ